31 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Болтуев мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот Сардори давлат таъкид намуд, ки интихоботи навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ интихоботи ғайримуқаррарӣ аст, зеро он на фақат чорабинии муҳим, балки маъракаи калони сиёсӣ буда, баъди ҷанги дохилӣ мувофиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат гузаронида мешавад. Президент зикр намуд, ки интихобот бояд озод ва демократӣ гузашта, шаҳрвандон иродаи хешро озодона баён намоянд.