Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи “Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ” дар ноҳияи Зафаробод

22.08.2019 10:19, ноҳияи Зафаробод

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии боғ якҷо бо майдони Нишони давлатӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад.

Дар маркази боғ муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов бунёд шудааст, ҷойгир мебошад.

Боғи мазкур аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат буда, дар ҳудуди он фаввораҳои гуногун, зиёда аз 80 адад чароғи ранга, 5 суҳбаткада, 400 адад дарахти ороишӣ, як шаршараи сунъӣ, амфитеатри таҷдидшуда бо 400 ҷойи нишаст, бинои маъмурӣ барои коргарони боғ, даҳҳо адад курсиҳо, дуконҳои фуруши обҳои ташнашикан ва дигар иншооти зарурӣ мавҷуд аст.

Атрофи боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати 700 метр бо панҷараҳои пурнақшу нигори муҳофизатӣ таъмин гардида, ҳамчунин барои нақлиёти сокинон 4 таваққуфгоҳ сохта шудааст.

Дар ин муассисаи фарҳангӣ 45 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар вақти сохтмон коргарон бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сутунҳои дарвозаҳои боғ ва фаввораҳоро оро додаанд, ки хеле ҷаззобу назаррабо менамояд.

Дар ҳудуди боғ ҷуйҳои оби равон, роҳравҳо бо сафолакҳои ранга, чароғҳои рангаи равшанидиҳандаю ороишотӣ сохта шудааст, ки аз ороишоти дигари боғ маҳсуб меёбад.

Баъди бунёди чунин як маркази муосири истироҳатию фароғатӣ сокинони ноҳия метовонанд дилхоҳ чорабинии фарҳангии худро бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ доир намоянд.

Бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Зафаробод дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520