Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Зафаробод

22.08.2019 13:52, ноҳияи Зафаробод

Дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо шумораи зиёди сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.

Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиён ва дар шахси онҳо кулли мардуми ноҳияро ба муносибати ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику муборак намуда, ба хонадони онҳо саодати рузгорро орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуръати ноҳияи Зафаробод такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Зафаробод 262 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 23 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2016-2020”-ум 106 лоиҳа ба маблағи умумии 145 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, тайи сеюним соли охир 15 лоиҳа иҷро гардидааст ва ҳоло амалисозии 46 лоиҳаи дигар давом дорад.

Айни ҳол дар ноҳия татбиқи 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, то имрӯз дар доираи он 24 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод супориш доданд, ки бо истифодаи имкониятҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои созандагиро вусъат бахшида, баҳри бо дастовардҳои назаррас сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар охир бори дигар Президенти мамлакат ҳамаи ҳозиринро бо иди дар пешистода солгарди навбатии Истиқлолият таҳният гуфта, ба онҳо рӯзгори обод орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Зафаробод бо ҳисси баланди миллӣ ва дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар пешрафти ноҳия ва ободии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.

Баъди суханронии Сарвари давлат чанд тан аз сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, аз рушду пешрафти кишвар ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, шукргузорӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520