Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

29.10.2023 17:10, шаҳри Душанбе

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

 Пешвои миллат дар робита ба садама дар кони ангишт дар вилояти Қарағанда, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ба Президент ва мардуми бародари Қазоқистон ҳамдардиву таъзияи амиқ баён карданд. Сарвари давлати мо, таслияту ғамшарикии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин таманниёти шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон иброз намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки оқибатҳои садама ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарони давлатҳо алоқамандии ҷонибҳоро ба идомаи ҳамоҳангии зичи талошҳои ҷонибҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид карданд.

Вобаста ба оқибатҳои фоҷеабори садама дар кони ангишт Президенти Тоҷикистон ба унвони Сарвари давлати Қазоқистон ҳамчунин барқияи таслият ирсол намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520