Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона субҳи рӯзи 5 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мулоқот намуд.
Мавзӯи сӯҳбати ҷонибҳо маҷмӯи фарохи муносибатҳои дӯстонаи ҳамкорӣ, робитаҳои қавиасоси иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро фаро гирифт.
Мо аз татбиқи созишномаҳои қаблан ба имзорасидашуда фаъолияти пурсамари комиссияи байниҳукуматӣ ва рушди робитаҳои илмию фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин қаноатмандем, - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва афзуд, ки дар заминаи талошу хоҳишҳои ҳарду кишвари дӯст ва доираҳои тиҷоратӣ, гардиши мол миёни ҳарду давлат вусъати ба ҳар ду тараф бобарор пайдо намуда, ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин такони тоза мебахшад.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ба талошҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар мавриди саҳмгирии амиқ барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра, тақвияти муборизаҳои ҷаҳонӣ алайҳи таҳдидҳои глобалӣ ва таъмини суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон баҳои баланд дода, бори дигар омодагии ҷониби Чинро ҷиҳати инкишофи робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. Ху Ҷинтао ёдрас шуд, ки ояндаи хеле наздик ҳайати баландпояи ҳукуматиро барои омӯзиши имкониятҳои нави ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе мефиристад.
Мусоҳибон таҳкими равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ дар амалигардонии лоиҳаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самтҳои афзалиятноки дурнамои ҳамкориҳо маънидод карданд.
Дар ҷараёни сӯҳбати доманадору созанда атрофи масъалаҳои рӯзномаи кории ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай низ табодули назари судманд карда шуд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мужда расонид, ки бо нишони исботи амиқи ҳамкориҳои судманду эътимодбахш барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 миллион юан ёрии бебозгашт ҷудо менамояд.
Дар сӯҳбат ба масъалаҳои дорои характери байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла зарурати афзалияти ислоҳоти сохтории СММ, таъмини суботу амнияти минтақа, инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ ва робита бо созмону ташкилотҳои молиявию иқтисодии сайёра диққати хоса дода шуд.